Интизор меравад, имрӯз Русия бо имзои созишномае ҳаққи истиқрори пойгоҳ дар Абхозистон як минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро ба даст орад. Созишномаи мазкурро имрӯз Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳури Русия, бо Сергей Багапш ҳамтои абхозистонии худ, имзо хоҳад кард. Гаррӣ Купалба – вазири дифоъи Абхозистон, ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, дар пойгоҳи низомии мазкур, ки "дар ояндаи наздик" бунёд хоҳад шуд, 3 ҳазор сарбоз ҷойгир мешаванд. Гурҷистон барномаи истиқрори пойгоҳи Русияро маҳкум карда ва онро ғайриқонунӣ хондааст. Русия Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ - минтақаи дигари ҷудоихоҳи Гурҷистонро, ҳамчун кишварҳои мустақил ба расмият шинохтааст.