Мақомоти Белгия хабар доданд, ки бар асари садама дар роҳи оҳани кишвар 11 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки дар ин ҳодиса дасти кам 20 нафар ҷон бохтаанд. Ба иттилоъи телевизионии VRT, дар канори шаҳри Халле, воқеъ дар 15 километрии ҷанубу ғарби Брюссел, ду қатори байнишаҳрӣ бо ҳам бархурданд.
Сабабҳои рух додани фоҷиа тафтиш мешавад. Ҳаракати қаторҳо дар ҷануби Белгия, аз ҷумла, дар масири Брюссел-Порис, то ҳанӯз мутаваққиф боқӣ мемонад.
Сабабҳои рух додани фоҷиа тафтиш мешавад. Ҳаракати қаторҳо дар ҷануби Белгия, аз ҷумла, дар масири Брюссел-Порис, то ҳанӯз мутаваққиф боқӣ мемонад.