Гузориши тоза аз фурӯши саҳмияҳои Роғун

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқии обии Роғун то рӯзи 10 феврал бештар аз 700 миллион сомонӣ, ё каме зиёдтар аз 162 миллион доллар ба даст омадааст. Вазорати молияи Тоҷикистон муваззаф шудааст, ба хотири нишон додани шаффофият дар амри ҷамъоварии маблағ барои бунёди нерӯгоҳи Роғун ба таври мунназам доир ба фурӯши саҳмияҳо гузориш бидиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, нерӯгоҳи азими барқи обии Роғунро, ки миллиардҳо доллар сармоя мехоҳад, аз ҳисоби сармоя ва манобеъи дохилӣ бунёд кунад. Тарҳи мазкур мояи нигаронии Ӯзбакистони ҳамсоя шудааст, ки метарсад, дар сурати бунёди обанбори Роғун, оби кофӣ барои киштзорҳои васеъаш нахоҳад дошт.