Тоҷикистон интиқоди нозирони интихоботро рад кард

Кумиссиёни марказии интихоботи Тоҷикистон интиқоди нозирони байналмилалиро рад кард, ки гуфтаанд, корзори интихоботи порлумонӣ олуда ба нуқсу камбудиҳост. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо нашри гузориши миёндавраии худ аз фазои интихоботи порлумонӣ гуфтанд, ҳанӯз ҳам низоми интихоботӣ номукаммал аст ва намегузорад, аз қонуншиканӣ дар интихобот ҷилавгирӣ шавад. Онҳо ҳамчунин аз набуди афкори гуногун дар матбуоти Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд. Аммо Муҳибулло Додоҷонов, намояндаи Кумиссиёни Марказии Интихобот интиқодоти ин нозиронро рад кард, зеро ба гуфтаи вай, нозирон аз надонистани қонуни интихоботи Тоҷикистон чунин баҳогузорӣ кардаанд.