"ТАЛКО" ба варзишгарони тоҷик кӯмак хоҳад расонд

Маликшоҳ Неъматов, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки ширкати “ТАЛКО” таъмини молии боз 10 варзишгари тоҷикро бар дӯш хоҳад гирифт. Қарор аст, ба зудӣ чунин як созишнома миёни ин кумита ва ширкати алюминсозӣ ба имзо бирасад ва варзишгароне, ба мисли муштзанон Ҷаҳон Қурбонов ва Меҳроҷиддин Каримов, гуштигир Набимуҳаммад Юсупов, ҳамчунин Мавзуна Чориева, Шералӣ Бозоров, Дилшод Назаров, Мурод Тӯйчиев, Бобомамади Хушбахт, Уроз Афзалшоев ва Шавкат Иқболов таҳти ҳимояти молии “ТАЛКО” қарор бигиранд.
Чанде пеш бо мусоидати молии “ТАЛКО” гуштигир Расул Боқиев, ки тарки Тоҷикистон карда буд, дубора ба ҳайъати тими миллии ин кишвар баргашт.