Як додгоҳи Қазоқистон фармонеро беэътибор эълом кард, ки намегузошт, матбуот мақолаҳои интиқодӣ дар мавриди домоди раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев, ки дар як моҷарои ришвахорӣ гирифтор шудааст. Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, додгоҳи ноҳияи Медеу амри додраси ҳамин додгоҳро беэътибор кард, ки ҳафтаи гузашта чопи мақолаҳои интиқодӣ дар мавриди Темур Қулибоевро мамнӯъ кард. Темур Қулибоев панҷ рӯзномаи маҳаллиро барои чопи номае ба додгоҳ кашид, ки дар он ӯро ба дуздии пули давлатӣ муттаҳам мекунанд. Рӯзе пештар аз ин Миклош Ҳарастӣ намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, Қазоқистону Тоҷикистонро барои рафтори шабеҳ бо матбуоти мустақил башиддат танқид кард. Худи Қазоқистон ҳоло раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупост.