Эрон аз ғанисозии урани худ расман хабар дод

Эрон мегӯяд, ки имрӯз ба таври расмӣ Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаиро аз нақшаҳои худ дар бораи оғози ғанисозии уран то сатҳи 20 дарсад огаҳ кардааст. Алиасғар Султония-намояндаи Эрон дар Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ дар ин бора аз тариқи телевизиони давлатии кишвараш изҳорот дод. Эрон 7-ӯми феврал эълон кард, ки аз рӯзи сешанбе, 9-ӯми феврал то сатҳи 20 дарсад ғанисозии уранро оғоз мекунад. Аз сӯи дигар, вай изҳор дошт, ки Эрон ғанисозии уранро қатъ хоҳад кард, агар он ба тавофуқоти ҳастаии СММ муғоират дошта бошад. Ҳерв Морин-вазири дифои Фаронса имрӯз гуфт, ки Вошингтон ва Порис барои барномаҳои ҳастаӣ бар зидди Эрон таҳримҳои нави СММ-ро пешниҳод хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико шоми имрӯз дар Порис бо Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса мулоқот мекунад.