Фаррух Қосимро дар Лучоб ба хок супурданд

Фаррух Қосим ҳунарманди номовари тоҷик дар гӯристони Лучоб ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ ва ба хок супурдани ҳунарманд ҳазорон нафар аҳли адабу фарҳанг, давлатмардон ва сиёсатмадорони тоҷик ширкат ҷустанд. Шоми 7-ӯми феврал Фаррух Қосим-ҳунарманди пуровозаи тоҷик ва яке аз поягузорони театри миллии тоҷик дар нахустин солҳои истиқлол дар синни 62-солагӣ баъд аз бемории тӯлонӣ дар гузашт. Дар маросими видоъ Мизошоҳрух Асорӣ-вазири фарҳанги Тоҷикистон чунин гуфт:

" Вай аз мероси падар ҳамин ҳунарро гирифта, бо истеъдоди хориқулодда домани театри тоҷикро то ба Аврупо ва Осиё кашонид".

Муҳаммадҷон Қосимов-падари Фаррух Қосим аз ҳунармандони пештози театр ва кинои замони Шӯравӣ буд. Фаррух Қосим дар соли 1990 театри "Аҳорун"-ро таъсис дод. Намоишномаи "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" дар нахустин солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон навъе идомаи бедории миллӣ буд ва театри миллии тоҷикро бо чеҳраи дигар пешкаш кард. Ба дунболи он намоишномаҳои "Даҷол", "Исфандиёр", "Шоҳ Фарилдун" ва амсоли он мавриди истиқболи гарми ҳаводорон қарор гирифт ва Фаррух онро дар хориҷ аз кишвар , ба вижа дар Белгия, Эрон, Русия, Узбакистон, Полша ба ҳаводорони ҳунари театрӣ пешкаш кард.