Нирӯҳои НАТО мегӯянд, як фармондеҳи пулиси афғон ҳамчун бахши шабакае, ки ба насби бомбҳои рӯироҳ машғул буд, боздошт шудааст. Ба навиштаи Ассошиэйтед Пресс, Атоуллоҳ Ваҳҳоб, муовини раиси пулис дар вилояти Каписо, дар шимоли Кобул буд. Ӯ ба даст доштан дар нигоҳдорӣ, тавзеъ ва насби бомбҳои худсохте, ки чирикиҳои толиб истифода мебаранд, айбдор карда мешавад. Иттиҳоми дигари алайҳи Атоуллоҳ Ваҳҳоб ришваситонӣ ва фасод дар барномаҳои марбут ба бозсозии роҳҳост.