1183 мавриди марги атфол дар вилояти Суғд

Идораи беҳдошти вилояти Суғд мегӯяд, соли гузашта дар ҳудуди ин вилоят 1183 мавриди маргумири атфоли навзод сабт шудааст, ки назар ба соли қабл 149 маврид бештар аст.
Соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон, ҳамин тавр, 20 мавриди фавти модарон ҳангоми таваллуд сабт шудааст, ки назар ба соли 2008 як маврид зиёдтар будааст.
Дар маҷмӯъ, тайи соли 2009 дар зоишгоҳҳои вилояти Суғд беш аз 60 000 тифл ба дунё омадааст, ки бино ба гузориши “Азия Плюс”, назар ба як соли қабл 4 578 нафар бештар аст.