Ду ҳизби сиёсии Қазоқистон хостори таҳқиқи фаврии гузоришҳо доир ба ришвахории домоди Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумҳури ин кишвар шудаанд. Ҳизби Коммунист ва ҳизби ғайрирасмии “Ба пеш” аз ҳукумат хостаанд, иддаъоҳои Мухтор Аблиёзов мудири собиқи бонки “Би Ти Эй”, ро таҳқиқ кунанд. Мухтор Аблиёзов, ки дар Лондон ба сар мебарад, гуфтааст, Темур Қулибоев – домоди дуввуми Нурсултон Назарбоев зимни муомилаи тиҷоратӣ бо Ширкати миллии нафти Чин, саҳмияҳои “Актубамунайгаз”-ро фурӯхта ва миллионҳо доллар суди молӣ ба даст овардааст. Темур Қулиев шавҳари Динора духтари дуввуми Нурсултон Назарбоев аст.