Таркиш дар Карочии Покистон 11 нафарро кушт

Таркиши бомбе дар шаҳри Карочии Покистон рӯзи ҷумъа дасти кам 11 нафарро кушта ва бештар аз 40 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Ба гуфтаи табибон, дар миёни қурбониён, занону кӯдакони зиёде ҳам ҳастанд. Ба гуфтаи мақомоти пулис, зоҳиран мотосикли бомбгузоришуда, мошини зойирони шиъамазҳабро ҳадаф гирифтааст, ки барои ширкат ба як маросими мазҳабӣ мерафтанд. Баъди оғози амалиёти васеъмиқёси низомӣ алайҳи Толибон дар шимолу ғарби Покистон, ин кишвар ҳафтаҳои ахир шоҳиди авҷ гирифтани ҳамлаҳо аз тарафи ифротгароёни исломӣ шудааст.