Номаи сарвазири Узбакистон дар бобати сохтмони Роғун

Шавкат Мирзиёев, сарвазири Узбакистон

Сарвазири Узбакистон, Шавкат Мирзиёев, дар номае ба унвони сарвазири Тоҷикистон, Оқил Оқилов аз пайомадҳои ҷиддии нодида гирифтани мавқеи Тошканд дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва вокуниши кишвараш ба сохтмони Роғун ҳушдор дод.
Дар номаи сарвазири Узбакистон, ки рӯзномаи ҳукуматии ин кишвар -- "Правда Востока" рӯзи 3-вуми феврал ба нашр расонд, шикоят мешавад, ки раҳбарияти Тоҷикистон пеш аз оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" таҳқиқи муфассали коршиносони байнулмилалӣ ва омӯзиши пайомадҳои бунёди обанборро таъмин накарда, муроҷиатҳои чандинкаратаи Тошкандро дар ин масъала нодида мегирад.

Шавкат Мирзиёев изҳори нигаронӣ кардааст, ки тарҳи Роғун қариб 40 сол пеш бо имкониятҳои кӯҳнаи лоиҳакашӣ ва технологӣ омода шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест ва дар ҳоли татбиқаш метавонад, мувозанати нозуки экологиро дар минтақа барҳам занад. Вай изҳори эътимод кардааст, ки ин тарҳ бояд бо назардошти таъсираш ба бӯҳрони Арал, пайомадҳояш дар ҳаҷми интиқоли об ба кишварҳои дигар ва чораҳои ҳифзи он аз таҳдидҳои техногенӣ ва табиӣ бознигарӣ шавад.

Сарвазири Узбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати боз ҳам нодида гирифта шудани талабҳои кишвараш аз тарафи Тоҷикистон, Узбакистон ба худ ҳақ медиҳад, дар ин масъала ба ҷомеаи байнулмилалӣ ва созмонҳои ҷаҳонии зистмуҳитӣ муроҷиат кунад, "то аз фалокатҳои эҳтимолии татбиқи ин тарҳ пешгирӣ намояд."

Зимнан ин аввалин муроҷиати мустақим, расмӣ ва хаттии мақомоти Узбакистон ба мақомоти Тоҷикистон дар масъалаи бунёди нерӯгоҳи Роғун аст. Тоҷикистон, ки машаққати бӯҳрони энержӣ, бумбасти коммуникатсионӣ ва вобастагии шадид ба гази Узбакистонро мекашад, шадидан талош дорад, худро аз ин вазъ раҳо кунад. Бисёриҳо тарҳи эҳдоси нерӯгоҳи Роғунро роҳи наҷот аз ин вазъият мешуморанд.

Вокуниши мақомоти Тоҷикистонро ба ин номаи сарвазири Узбакистон, Шавкат Мирзиёев, дар ин ҷо бихонед.