Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон дар номае ба Оқил Оқилов, ҳамтои тоҷикаш, зимни баёни нигаронии кишвараш аз сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» гуфтааст, дар сурати сарфи назар шудани ин мавқеъ, Узбакистон маҷбур аст, то барои рафъи пайомадҳои эҳтимолии, ба гуфтаи ӯ, "фоҷеабори иҷрои ин тарҳ" ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.
Ин бор низ Тошканд аз пайомади иҷрои ин тарҳ изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, сохтмони «Роғун» хатаротеро барои вазъи зистмуҳитӣ, тавозуни об ва фоҷеаҳои техногенӣ ба думбол дорад. Узбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати сарфи назар шудани хостааш аз сӯи Тоҷикистон, бу худ ин ҳақро медиҳад, ки ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.
Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни таъйиди хабари дарёфти номаи нахуствазири Узбакистон ба Радиои Озодӣ гуфт, паёми Шавкат Мирзиёев мавриди омӯзиши нахуствазири Тоҷикистон қарор дорад.
Бо ин ҳам мақомоти давлати Тоҷикистон чун ҳарвақта иддаъои ҷониби Тошкандро бепоя медонанд. Яраш Пӯлодов, мудири Пажӯҳишгоҳи Вазорати об ва обёрии Тоҷикистон, мегӯяд: «гуфтаҳои коршиносон ва имрӯз мақомоти Узбакистон дар масъалаи «Роғун» асоси илмӣ ва фаннӣ надоранд. Барои он ки ин лоиҳа чандин мартаба аз экспертиза гузаштааст. Ҳатто дар муддати 25 – 30 сол олимону донишмандон, мутахассисон ва коршиносон ин мавзӯъро баррасӣ карданд. Ин масъалаи имрӯз нест. Бовар дорам, дар сурати экспертизаи аз ҳама ҷиҳат, ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати фаннӣ дуруст санҷида ва виҷдонан ба ин масъала нигоҳ кунем, умедворам, ки Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад ёфт.»
Ба таъкиди Пӯлодов, иллати аслии нигаронии мақомоти Узбакистон он аст, ки кишвари ҳамсоя намехоҳад, то Тоҷикистон ба истиқлоли энержӣ даст ёбад ва аз вобастагӣ раҳо шавад.
Нуктаи дигаре, ки дар номаи нахуствазири Узбакистон ба сароҳат ба он таъкид шудааст, дар маҳалли зилзилахез сохта шудани нерӯгоҳ мебошад. Шавкат Мирзиёев менависад, нерӯгоҳ дар ҷое бунёд мешавад, ки борҳо заминларзаҳое бо шиддати 10 дараҷаи ҷадвали Рихтер рух додааст ва эҳтимол дорад, дар сурати заминларза ва канда шудани сади нерӯгоҳ саҳо ҳазор тан кушта шаванд.
Академик Собит Неъматуллоев, ки мутахассиси варзидаи соҳаи зилзила аст, дар ин бора мегӯяд, «мо солҳои тӯлонӣ дар маҳалли нерӯгоҳ фаъолит кардем, экспертизаҳо низ гузашта буд. Танҳо чизе, ки таъкид шуда буд, бояд ҳама вақт дидбонӣ идома кунад. Чизи лозимро лозим мегӯянд. Аммо он ки заминҷунбии 10 дараҷаӣ, не он ҷо заминҷунбӣ то шаш дараҷа имкон дорад. Чӣ магар дар шаш дараҷа сохтмон мумкин нест? Ҳарфҳое, ки мегӯянд, дурӯғ аст.»
Александро Палмиеро, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ минтақаи хатарзои зилзила будани маҳалли нерӯгоҳи «Роғун»-ро қабул дорад, аммо мегӯяд, «Агар Роғун сохта шавад, он сарбанди баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Дуруст аст, ки неругоҳи барқи обӣ дар минтақаи заминларза воқеъ аст, вале бо истифода аз технологияи пешқадами сохтмони сарбанд зарари заминларза ба сарбанд метавонад то ҳадди талаботи бехатарӣ маҳдуд карда шавад.
Албатта эҳтиёҷ ба таҷрибаи олӣ ва дониши олии ҳам миллӣ ва ҳам байналмиллалӣ вуҷуд дорад. Ин кори осон нест, вале имконпазир аст. Тарсу ҳароси Ӯзбакистон асос дорад, вале онҳоро метавон бо илму дониш ва иртиботи муносиб рафъ ва ҳаллу фасл намуд. Ҳангоми тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳа ба инобат гирифтани эҳтиёҷи мардум, кишвар ва минтақа муҳим аст. Агар ҳамаи амалҳои зикршуда иҷро карда шаванд, ин масъалаҳо ҳалли худро хоҳанд ёфт. Баъдан, татбиқи ин лоиҳа дар байни дигар пешниҳодҳо натиҷаи беҳтарин ба бор хоҳад овард.
Лоиҳае мисли Роғун барои рушди маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ бояд имконият фароҳам орад. Агар ин се вазифа иҷро карда нашаванд, ман тасаввур намекунам, Роғун чӣ гуна метавонад бунёд шавад.
»
Аз ин гуфтаи намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ бармеояд, ки Тоҷикистон ҳақ дорад, ин нерӯгоҳро бисозад, вале бояд ҳама ҷанбаъҳои сохтмон ва пайомадҳои онро ба инобат гирад.
Тоҷикистон гуфтааст, зидди арзёбии байналмилалии нерӯгоҳи «Роғун" нест, аммо дар ин сурат пешниҳод дорад, то ин арзёбӣ на танҳо нисбати тарҳи «Роғун», балки ҳама иншооти обӣ ва энержии минтақа тааллуқ бигирад.
Ин дар ҳолест, ки аз ду соле пеш давлати Тоҷикистон сохтмони ин нерӯгоҳро аз сар гирифт ва қасд дорад бо истифода аз сармояи дохилӣ онро бисозад.
Нигаронии бештари соҳибназарон аз ин аст, ки радду бадалҳои давомдори миёни Тошканд ва Душанбе дар масъалаи сохтмони «Роғун» метавонад, равобити ду кишвари ҳамсояро мушкилтар кунад.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд «албатта, Узбакистон талош карда истодааст, ки заминаро барои фишор омода кунад. Яъне ҳамакнун бо роҳи даъват мехоҳад, то пеши роҳи сохтмони «Роғун» – ро гирад, аммо баъде ки нашуд роҳи фишорро рӯи даст мегирад. Албатта фишорҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ҷилавгирӣ аз ҳаракати васоили нақлия ва қатор ва ҳамчунин боло бурдани таърифаҳои гумрукӣ ва бору коло ва ғайра.»
Ин дар ҳолест, ки ахиран Узбакистон дар интиқоли колоҳои тронзитӣ ба Тоҷикистон ба воситаи роҳи оҳан мамоният эҷод кардааст. Вале бархе аз коршиносон бар инанад, ки дар сурати пофишории давлати Тоҷикистон ба сохтмони «Роғун», имкон дорад, Узбакистон роҳҳои дипломатиро канор гузорад ва аз шеваҳои дигар, ба монанди тахрибкориҳо ё саботаж кор бигирад. Аммо ахиран Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, вазъи амниятӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» таҳти назорати шадиди ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ қарор дорад.Ҳатто ба гуфтаи вай дар маҳалли сохтмон гуруҳи махсуси маъмурони пулис фаъолиятро ба роҳ мондаанд.
Аммо ахиран дар Тоҷикистон як шаҳрванди узбактабори ин кишвар бо ҷурми хиёнат ба ватан ва ҷосусӣ ба манфиати Узбакистон ба мӯҳлати 20 сол зиндонӣ шуд.
Додгоҳи вилояти Хатлон Боймурод Аноровро дар ҷамъоварии иттилои махфӣ дар мавриди нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон муҷрим шинохт. Зеро тибқи таҳқиқи додгоҳ ба ҳангоми боздошти ин фард аз ӯ ба миқдори ҳазор сум пули миллии Узбакистон ва ҳуҷҷатҳое, ки вобаста ба нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-1 ва Бойғозӣ маълумоти махфӣ доштанд, дарёфт гардидааст.
Ин масъалаи имрӯз нест. Бовар дорам, дар сурати экспертизаи аз ҳама ҷиҳат, ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати фаннӣ дуруст санҷида ва виҷдонан ба ин масъала нигоҳ кунем, умедворам, ки Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад ёфт...

Узбакистон талош карда истодааст, ки заминаро барои фишор омода кунад. Яъне ҳамакнун бо роҳи даъват мехоҳад, то пеши роҳи сохтмони «Роғун» – ро гирад...