Амалиёти нав алайҳи ошӯбгарон дар Баҷаур

Низомиёни покистонӣ дар шимолу ғарби кишвар алайҳи ошӯбгарони мусаллаҳ амалиёти нави низомӣ доир карданд. Ба иттилоъи вазорати дифоъ, дар ин амалиёт дар минтақаи Баҷаур, воқеъ дар марз бо Афғонистон, тақрибан 80 тан аз мухолифини ҳукумат кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ин амалиёт – посух ба ҳамлаи маргталабона ба як постгоҳи низомӣ дар Баҷаур буд, ки бар асари он 17 нафар кушта шудаанд.