Имрӯз дар Эрон ҳукми марги ду нафар, ки баъди интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии июни порсол боздошт шуда буданд, ба иҷро даромад. Ин нахустин мавриди ба иҷро даромадани ҳукми марг нисбати нафаронест, ки дар шӯришҳои баъдиинтихоботии соли гузашта ширкат кардаанд. Мухолифин мегӯянд, ҷараёни дуюмбора интихобшавии президент Маҳмуди Аҳмадинажод ба ин мақом олуда бо тақаллуб гузаштааст. Додситони шаҳри Теҳрон Аббос Ҷаъфари Давлатободӣ гуфт, ки ин ду мард узви як гурӯҳи мусаллаҳ буданд, ки дар андешаи ташкили сӯиқасдҳо ва таркиши бомба ба хотири аз байн бурдани ҳукумат мебошад. Аз ин пеш матбуоти маҳаллӣ хабар доданд, ки мардони эъдомшуда Ризоалии Замонӣ ва Ораш Раҳмонипур ҳастанд, ки дар робита бо шӯришҳои баъдиинтихоботӣ боздошт шуданд. Вале вакили Раҳмонипури 19-сола мегӯяд, ки ӯ дар моҳи апрел, ду моҳ пеш аз интихобот дастгир шуда гузоришҳои дигар мегӯяд, Замонии 37-сола ҳамчунин пеш аз интихобот боздошт шуда буд.