Як комиссиюни давлатии Тоҷикистон, ки барои арзёбии хисороти зилзилаи пуршиддати 2 январ дар ноҳияи Ванҷ кор мекард, мегӯяд, ҳаҷми умумии зиёни ин ҳодисаи табиӣ дар ҳудуди 1,5 миллион доллари амрикоӣ (6,6 миллион сомонӣ) баровард шудааст. Хабаргузории Авасто аз қавли Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон менависад, ки дар пайи заминларзаи пуршиддат дар ноҳияи Ванҷи Бадахшони Кӯҳӣ сокинони 20 деҳоти маҳаллӣ, яъне наздики 1300 манзили зист осеб дидааст. Аз ин миқдор 28 хона пурра нобуд шудааст. Паёмадҳои харобиовари зилзила боиси мувақаттан корношоям шудани сохтмони даҳҳо мактабу кӯдакистон, бемористон ва идораҳои маъмурӣ шудааст.