Карзай силсиласафарҳояшро аз Туркия оғоз кард

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ба Туркия ва Олмон сафари расмӣ анҷом медиҳад. Ӯ шоми дирӯз озими Анқара шуд. Имрӯз ӯ дар ин шаҳр дар музокироти сеҷонибаи раҳбарони Туркия, Покистон ва Афғонистон ширкат хоҳад кард. Қарор аст, ки баъдан ӯ ба Олмон сафар ва бо садри аъзами ин кишвар Ангела Меркел дидору гуфтугӯ кунад. Ҳомид Карзай 28 январ дар Лондон, дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон, ширкат хоҳад кард.