Куриёи Шимолӣ ҳушдор додааст, ки ҳаргуна ҳамлаи пешгирикунанда аз Куриёи Ҷанубиро эъломи ҷанг ба зидди ин кишвар арзёбӣ хоҳад кард. Артиши Куриёи Шимолӣ рӯзи якшанбе гуфт, дар сурати ҳаргуна талош ҷиҳати нақзи шаъну истиқлолияташ, алайҳи ҳамсояааш амалиёти низомии фаврӣ ва қотеъ шурӯъ карда ва таъсисоти муҳимтарини онро аз байн хоҳад бурд. Ин баёнияро хабаргузории расмии Куриёи Шимолӣ баъди он нашр кард, ки вазири дифоъи Куриёи Ҷанубӣ гуфт, дар сурати аломати возеҳе доир ба омодагии Пхенян барои ҳамлаи ҳастаӣ, бояд ба он ҳамлаи боздоранда кард.