Раиси муҳокимаи вуруди Британия ба ҷанг дар Ироқ дар соли 2003 хабар дод, ки сарвазир Гордон Браун пеш аз интихобот дар ин муҳокима ширкат хоҳад кард. Ҷон Чилкот қаблан гуфта буд, баёноти Гордон пас аз интихобот садо хоҳад дод. Мухолифони сиёсӣ талаб карданд, Браун, ки дар давраи ишғоли Ироқ вазири молия буд, бояд пеш аз интихоботи моҳи июн дар додгоҳ ҳозир шавад. Браун мегӯяд, дар робита ба муҳокима ҳеҷ сирри ниҳоне надорад ва нахоҳад дошт.