Соли палангро мардум бо умед ва талошҳои нав оғоз карданд. Аммо тақдири бабри сафеди маҳбуси паси панҷара дар Боғи набототи Помир дар соли паланг низ номуайян боқӣ мемонад.
Бачаи бабри сафедро сайёҳони хориҷӣ дар манзили як чӯпон дар ноҳияи Мурғоб дучор омаданд ва ҳайвонро наҷот дода, ба боғи набототи Помир супурданд. Дар мавриди ин бачаи бабр изҳори назар шуд, ки вай бояд дар Боғи ҳайвоноти Душанбе ҷо дода шавад. Масъулини як боғи ҳайвонот дар Аврупо низ ба тақдири бабр мароқ намуда, гуфтанд, ки метавонанд ин ҳайвони нодирро бипазиранд ва ба хотири афзоиши насли бабри сафед барояш ҷуфт пайдо кунанд.
Бабри паси панҷара қариб яксола ва руз аз руз хатарнок ва саломатиаш дар лонаи танг торафт заиф мешавад. Аммо масъулини ҳифзи муҳитзистии кишвар то ба ҳол барои ҳалли тақдири ин бабри сафеди нодир иқдом накардаанд.
Наврӯзшоҳ Худоёрбеков, донишҷӯи риштаи риёзии Донишгоҳи Хоруғ, ки нигоҳубини ин бабрро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, тақдири дӯсташ бояд ҳар чӣ тезтар ҳал шавад. Бишнавед ва бубинед.