Сардори раёсати Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод Юсуф Назришоев гуфт, як корманди додситонӣ ба аз худ намудани се ҳазор доллар бо роҳи қаллобӣ аз роҳбарони як ширкати хусусӣ муттаҳам шудааст. Ба гуфтаи сардори раёсат, тафтишот нисбат ба додситон бо аризаи тарафи даъвогар аз нав оғоз ёфтааст.
Сардори раёсат гуфт, мавод оид ба муомилоти ғайриқонунии байни додситон ва шаҳрвандон вақте ба дасташон расид, ки моддаи дахлнопазирии корманди додситонӣ ҳанӯз лағв нашуда буд ва мавод барои тафтишот ба додситонии кул ироа гардид, аммо ҷурми корманди додситонӣ собит нашудааст.
Аммо додситони Бадахшон Рашид Гулматшоев мегӯяд, ҷараёни тафтиши парванда идома дошта, танҳо ҳукми додгоҳ ба гунаҳкор будан ва ё набудани собиқ корманди додситонӣ нуқта хоҳад гузошт.
Вале иштирок дар қазияи муомилоти ғайриқонунӣ байни корманди додситонӣ ва шаҳрвандон, ки ба хусусигардонии ғайриқонунии амволи мутааллиқи «Помирэнержӣ» муттаҳам шуданд, барои сардори маслиҳатхонаи ҳуқуқии Хоруғ бо оғози парванда нисбат ба вай анҷом шуд. Аммо ҷурми адвокат собит нашуда, ахиран вай ба Русия муҳоҷират кард ва дари ягона маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ дар маркази вилоят баста гардид.
Барои нахустин бор аст, ки раёсати оҷонсӣ дар Бадахшон нисбат ба як корманди додситонӣ бо ҷурми қаллобӣ мавод тайёр кардааст. Коршиносон ин далелро шабаҳи рақобат барои нуфуз байни ин ду ниҳод дар минтақа мешуморанд.
Қаблан, кормандони раёсат дар ноҳияи Рӯшон ҳангоми ришваситонӣ як корманди амниятро боздошт карданд, аммо мақомоти амниятии минтақа изҳор доштанд, ки ҳанӯз чанд рӯз қабл аз ҳодисаи боздошт шахси муттаҳам ба ҷиноят бо хоҳиш ва аризаи худ аз сафи кормандони амниятӣ хориҷ шудааст ва онҳо барои кирдораш ҷавобгар намебошанд.