Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз ба фаъолияти як интернети воҳид даъват кард, ки ҳама ҳуқуқи баробари дастрасӣ ба онро дошта бошанд. Клинтон бо чунин даъват дар чаҳорчӯби стратегияи ИМА оид ба ҳимоят аз озодиҳои интернетӣ суханронӣ кард. Вай аз Чин, Ӯзбакистон ва Тунис барои сонсури интернет интиқод кард. Изҳороти Клинтон баъди он пахш мешавад, ки ҳафтае пеш ширкати ҷустуҷӯи интернетии Google Чинро дар кӯшиши сонсури интернет ва мудохила ба почтаҳои электронии фаъолони ҳуқуқи башар ва мудофеони озодии баён муттаҳам кард. Google гуфт, ки ин ҳамлаҳои ташкилшуда дар моҳи декабр сурат гирифтааст. Чин эҳтимоли даст доштанаш дар ин маъракаро рад кард, вале аз ширкатҳои интернетӣ тақозо кард, ки ба муқаррароти кишвар риоя кунанд. Мақомоти Чин ба таври муназзам сайтҳои интернетиро мебанданд, ки ба интиқоди ҳукумат даст зада иттилои барои ҳукумат нозарурро пахш мекунанд.