Як дипломати амрикоӣ гуфт, фармондеҳи собиқи сербҳои Буснӣ генерал Ратко Младич, ки ба наслкушӣ айбдор мешавад, дар Сербистон паноҳ бурдааст. Раффӣ Григориён, ноиби фиристодаи хос дар умури Буснӣ бидуни овардани ҷузъиёте гуфт, Младич дар Буснӣ шабакаи ёваронашро дорад, вале дар Сербистон паноҳ мебарад. Мақомоти Сербистон мегӯянд, дар бораи макони будубоши Младич хабаре надоранд. Вале раҳбари сиёсии сербҳои Буснӣ Радован Караҷич низ баъди солиёни дар ҳоли фирор ба сар бурдан соли гузашта дар Белград, пойтахти Сербистон, боздошт шуд.
Додгоҳи Ҳейг Младичро ба ҷиноёти ҷанг, аз ҷумла қатли ом ва наслкушӣ дар солҳои ҷанги Буснӣ айбдор мекунад.
Додгоҳи Ҳейг Младичро ба ҷиноёти ҷанг, аз ҷумла қатли ом ва наслкушӣ дар солҳои ҷанги Буснӣ айбдор мекунад.