Раҳбари собиқ ва маҳкумшудаи ширкати роҳи оҳани Қазоқистон боз ба як мансаби баланд дар ширкати давлатии “Қазмунайгаз” таъйин шуд. Жаксибек Кулекеев дар апрели соли гузашта аз мақом барканор шуда, дар моҳи ноябр бо ҷурми ришвахорӣ ба 3 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Ӯ акнун мудиромили “Қазмунайгаз” дар умури рушди ин ширкати бузурги давлатии нафту газ таъйин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳукми додгоҳ ба мансаби давлатӣ нишастани ӯро низ барои 5 сол манъ карда буд.
Кулекеев қаблан дар “Қазмунайгаз” кор мекард. Ӯ дар ҳукумати Қазоқистон ба ҳайси вазири маориф ва як муддат дар курсии вазири иқтисод ва тиҷорат ифои вазифа мекард.