Масъалае, ки бо гузашти бештар аз як даҳсола аз муҳоҷирати кории тоҷикон солҳои ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон матраҳ аст, ҳақи бознишастагӣ ё нафақаи муҳоҷирони корист.
Онҳое, ки дар синни болотар аз 50 ба муҳоҷирати корӣ рафта буданд, акнун синнашон ба нафақа наздик шудааст. Дар гузашта касе дар бораи ҳақи бознишастагӣ ё нафақаи муҳоҷири корӣ фикр намекард. На муҳоҷир, на давлатмардон ва на қонунгузорон. Муҳоҷири корӣ танҳо дар фикри пайдо кардани пул буд ва барои вай фарқ надошт, ки бо кордеҳ қарордод дорад ё на. Муҳим он буд, ки зиндагии хонаводаашро пеш бибарад, бо пуле, ки аз Русия мефиристад.
Муҳоҷири корӣ тасаввур ҳам намекард, ки муҳоҷирати вай ин қадр ба дарозо мекашад ва то ба синни нафақа давом мекунад. Муҳоҷирони корӣ муҳоҷиратро муваққатӣ ё ду-се сола мепиндоштанд. Вале чунин нашуд ва имрӯз баъзе аз муҳоҷирони корӣ бо дарки синни пирӣ садо баланд мекунанд.
Таъйини нафақа ё ҳақи бознишастагӣ ба муҳоҷирони кории солманд бояд дар чаҳорчӯбаи қонун сурат бигирад. Ва тибқи қонун, давлат маблағеро барои чунин нафақаҳо ихтисос медиҳад.Маъмулан дар Тоҷикистон барои таъйини нафақаи солмандӣ ё пиронсолӣ дафтарчаи меҳнатӣ талаб мешавад. Вале аксари муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бе қарордод кор мекунанд.
Гузашта аз ин оё давлати Тоҷикистон дар буҷаи худ барои чунин ашхос, ки шояд шумораи онҳо ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад, маблағе пешбинӣ мекунад? Дар ин миён маъюбонро низ набояд аз мадди назар дур гузошт. Чунин афрод бо назардошти қонунҳои башарӣ метавонанд дархости нафақа кунанд, зеро онҳо ба Тоҷикистон пул фиристодаанд ва шояд миллионҳо нафари дигарро аз гуруснагӣ наҷот додаанд ва бад-ин тариқ Тоҷикистонро аз бӯҳрон ва ҳатто аз фоҷеаи иҷтимоӣ наҷот бахшидаанд. Пас онҳо дар ватанашон акнун дар синни пирӣ ҳақе доранд?
Дар кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷирони корӣ мегӯянд, ки шумо давлат доред ва давлататон бояд фикри шуморо кунад. Мавқеи онҳо ҳам дуруст аст. Чандин бор пешниҳод кардем, ки муҳоҷирон бояд дафтарчаи меҳнатӣ дошта бошанд. Дуввум, тибқи шартномаи байнидавлатӣ, онҳо бояд ҳуқуқи иҷтимоӣ дошта бошанд, ҳуқуқ барои истифода аз хадамоти тиббии ин ё он давлат, масалан, дар Русия ё Қазоқистон ё ҷои дигаре.
Мутаассифона, ин масъалаҳо то ҳол ҳал нашудаанд. Ҳама давлатҳо эътироф мекунанд, ки бояд чунин бошад. Созишнома ҳам байни давлатҳо вуҷуд дорад. Ин масъалаи танҳо Тоҷикистон нест. Ин масъалаи ҳамаи кишварҳои ИДМ аст. Вале чунин нест. Аввали ҳамин моҳи январ мо қонуни нав дар бораи нафақа ба тасвиб расондем. Ман аз вазири ҳифзи иҷтимоӣ Шукурҷон Зуҳуров суол кардам, ки оё ин қонун имконият медиҳад, ки шаҳрвандони муҳоҷири мо аз он истифода кунанд ва соҳиби нафақа шаванд, яъне дар ҳолати маъюбӣ ва дар пиронсолӣ? Вай ҷавоб дод, ки қонуне, ки мо қабул кардем, имконияти чунин корро дорад. Фондҳои махсус таъсис меёбад ва шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, барои нафақа дар пиронсолӣ маблағҳо мефиристанд. Маблағҳо ба фондҳои иҷтимоӣ низ фиристода мешаванд, яъне ҳамон маблағе, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар вақти фаъолияти кориаш месупорад. Агар муҳоҷирони корӣ ба ин фондҳо маблағ фиристанд, дар он сурат онҳо дар айёми пирӣ ё дар вақти маъюбӣ метавонанд нафақа гиранд».
Суол: Шумо ёдоварӣ кардед, ки муҳоҷирони корӣ метавонанд як миқдор маблағ ба ҳамин фондҳо бифиристанд. Вале биёед як назаре афканем ба таърихи муҳоҷирати кории тоҷикон. Аз оғози ин муҳоҷират 10-15 сол мегузарад. Шояд то ин вақт шумораи ононе, ки синашон аз 50 боло буд ва ҳоло аз ҳақи нафақа бархурдоранд, бештар аз сад ҳазор нафарро ташкил диҳанд. Ман барои он ин шумораро мегӯям, ки гоҳо шумораи умумии муҳоҷирони корӣ аз як миллион нафар зиёд гуфта мешавад. Ва чунин афрод то имрӯз ҳеҷ маблағ ба ин фондҳое, ки шумо ёдоварӣ кардед, нафиристодаанд. Бо назардошти чунин вазъ сарнавишти онҳо чӣ хоҳад шуд?
Шабдолов: Вақте, ки муҳоҷирати корӣ вуҷуд дорад, вақте, ки ба коргару мутахассис аз дигар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ эҳтиёҷ пайдо мекунанд, чаро аз корашон дар Русияву дар дигар ҷой истифода мешавад, вале ҳуқуқашон эътироф намешавад? Ин масъалаи усулист. Бояд президентҳо ин масъаларо яктарафа кунанд. Инро мо пӯстканда пешниҳод мекунем, чунки ин ҳуқуқи шаҳрвандӣ аст, ҳуқуқи як инсон аст.
Президентҳои Русияву Беларусу Украинаву Қазоқистону Тоҷикистону Узбакистону давлатҳои Қафқоз бояд дарк кунанд, ки ҳуқуқи шаҳрвандони кишварҳои худро ба ин дараҷа поймол кардану ба назар нагирифтан ҳеҷ имкон надорад. Ин аз доираи ҳуқуқи башар, ки СММ онро ба тасвиб расондааст, эътироф кардааст ва ҳамаи давлатҳо дар он имзо гузоштаанд, берун аст. Куҷост он башар?
Суол: Бар ҳар ҳол, ҳар кишваре ҳисобҳои тақрибӣ ё муқаддамотӣ дар ихтиёраш дорад. Ононе, ки дар синни болотар аз 50 аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, агар мо шумораи умумиро як миллион нафар ҳисоб кунем, ба тахмини шумо, дар ҳамин солҳо чанд нафар ниёзманди нафақа шудаанд?
Шабдолов: Ман фикр мекунам, ки якӯм, маъюб бисёр аст. Шумораи зиёд ба ҳалокат ҳам расиданд. Маъюб дар кор маъюб шудааст. Вай барои хонаводааш рафтааст, ба кишвари худ пул интиқол додааст. Фазои бӯҳронӣ ва мушкилоти молиро бо ин пулҳои интиқолӣ сабук кардааст. Пеш аз ҳама ҳаминҳо ҳуқуқ доранд, маъюбон. Баъд аз он ононе, ки синнашон ба нафақа расидааст. Лекин ман як бори дигар таъкид мекунам, ки мавзӯъ бисёр душвор аст.
Тоҷикистон ин мавзуъро ба танҳоӣ бо тамоми маблағе, ки дар ихтиёри давлат аст, агар ба ҳамин нафақа сарф кунем, намерасад. Ҳоло давлат барои ин имконият надорад. Ман ба шумо ҳамчун узви ҳукумат не, балки ҳамчун як вакили парлумон сӯҳбат мекунам. Наход ҳамин президенти мо нафаҳмад, ки онҳо шаҳрванди мо ҳастанд, шаҳрванди Тоҷикистон ва паспорти Тоҷикистон доранд. Медонад, лекин дар буҷа маблағ нест. Ҳеҷ чиз нест, ки инро пардохт кунем.
Суол: Фикр намекунед, ки матраҳ кардани ин масъала аллакай дер шудааст? Мумкин буд, ки чанд соли пеш ин қонунро ба тасвиб расонанд?
Шабдолов: Хеле дер шуд. 20 сол дер шуд. Ин масъаларо бояд ҳам шаҳрвандон бардоранд, ҳам сиёсатмадорон, ҳам сарони давлатҳо ва ҳам ҳизбҳои сиёсӣ. Дар он сурат ин масъала ҳалли дурусти худро меёбад.
Муҳоҷири корӣ тасаввур ҳам намекард, ки муҳоҷирати вай ин қадр ба дарозо мекашад ва то ба синни нафақа давом мекунад. Муҳоҷирони корӣ муҳоҷиратро муваққатӣ ё ду-се сола мепиндоштанд. Вале чунин нашуд ва имрӯз баъзе аз муҳоҷирони корӣ бо дарки синни пирӣ садо баланд мекунанд.
Таъйини нафақа ё ҳақи бознишастагӣ ба муҳоҷирони кории солманд бояд дар чаҳорчӯбаи қонун сурат бигирад. Ва тибқи қонун, давлат маблағеро барои чунин нафақаҳо ихтисос медиҳад.Маъмулан дар Тоҷикистон барои таъйини нафақаи солмандӣ ё пиронсолӣ дафтарчаи меҳнатӣ талаб мешавад. Вале аксари муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бе қарордод кор мекунанд.
Гузашта аз ин оё давлати Тоҷикистон дар буҷаи худ барои чунин ашхос, ки шояд шумораи онҳо ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад, маблағе пешбинӣ мекунад? Дар ин миён маъюбонро низ набояд аз мадди назар дур гузошт. Чунин афрод бо назардошти қонунҳои башарӣ метавонанд дархости нафақа кунанд, зеро онҳо ба Тоҷикистон пул фиристодаанд ва шояд миллионҳо нафари дигарро аз гуруснагӣ наҷот додаанд ва бад-ин тариқ Тоҷикистонро аз бӯҳрон ва ҳатто аз фоҷеаи иҷтимоӣ наҷот бахшидаанд. Пас онҳо дар ватанашон акнун дар синни пирӣ ҳақе доранд?
Шодӣ Шабдолов, намояндаи парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, масъалаи нафақаи муҳоҷирони корӣ бояд дар сатҳи раёсати ҷумҳурӣ ҳал шавад
Ин масъала мавзуи як гуфтугӯи телефонии бо Шодӣ Шабдолов, намоядаи парлумони Тоҷикистон, буд. Оқои Шабдолов мегӯяд, «Ин суол ба тақдири на саду дусад, балки садҳо ҳазор нафар дахл дорад. Мо ин масъаларо чандин бор бардоштем, аз чанд ҷиҳат. Якум, шаҳрванд шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондааст. Агар шаҳрванди Тоҷикистон бошад, дар он сурат давлат бояд ҳуқуқи конститутсионии ӯро ба гирифтани нафақа дар вақти маъюбӣ таъмин кунад. Касе кафолат дода наметавонад, ки онҳо касал, корношоям ё маъюб намешаванд. Онҳо дар корҳои бисёр вазнин, дар сохтмону дар вазъи бад кор мекунанд. Онҳо кафолате барои ҳақи тандурустӣ, маориф, дафтарчаи меҳнатӣ ва нафақа дар он давлат надоранд. Дар кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷирони корӣ мегӯянд, ки шумо давлат доред ва давлататон бояд фикри шуморо кунад. Мавқеи онҳо ҳам дуруст аст. Чандин бор пешниҳод кардем, ки муҳоҷирон бояд дафтарчаи меҳнатӣ дошта бошанд. Дуввум, тибқи шартномаи байнидавлатӣ, онҳо бояд ҳуқуқи иҷтимоӣ дошта бошанд, ҳуқуқ барои истифода аз хадамоти тиббии ин ё он давлат, масалан, дар Русия ё Қазоқистон ё ҷои дигаре.