Дар Қирғизистон гуруснанишинии ҷонибдорони Исмоил Исҳоқов, собиқ вазири дифои ин кишвар, идома дорад. Бархе аз онҳо бо худ шишаҳои бензин доранд ва таҳдид мекунанд, ки худро оташ хоҳанд зад.
Исмоил Исҳоқов, ки аз мухолифони сиёсии давлати Қирғизистон ба шумор меравад, ба зиндон маҳкум шудааст. Бино ба хабарҳои матбуот, як рӯзи пеш ҷонибдорон ва хешовандони Исмоил Исҳоқов ба маҳалли гуруснанишинӣ ва тазоҳуроти эътирозӣ дар деҳи Сопу Қӯрғон дар зарфҳо бо худ бензин оварданд ва таҳдид карданд, ки агар мақомот Исҳоқовро аз зиндон раҳо накунанд, онҳо худро оташ мезананд.
Айданбек Ақматулов, хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ дар Бишкек, баъд аз боздидаш аз маҳали тазоҳурот бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.
Айданбек Ақматулов: «Имрӯз, эътирозҳои чандон фаъол мушоҳида намешавад. Дар Бишкек гуруснанишинӣ идома дорад. Онҳо тақозо мекунанд, ки Исмоил Исҳоқовро аз зиндон раҳо кунанд. Ҳамин гуна эътироз дар ноҳияи Олой низ идома дорад. Бино ба гуфтаи Азимбек Бекназаров, вакили мудофеи Исмоил Исҳоқов, дар ҷойҳои гуногун кумитаҳо ташкил мешавад. Дар даҳ ноҳия ва шаҳр то ҳол чунин кумитаҳо ташкил шудаанд. Ҳоло фаъолон дар ҳар ҷо кор мекунанд. Чунин аст вазъ".
Суол: «Онҳо бо ташкили чунин кумитаҳо чӣ мехоҳанд?»
Ҷавоб: «Ононе, ки кумитаҳо ташкил медиҳанд, бар ин боваранд, ки Исмоил Исҳоқовро ғайриқонунӣ ва ғайриодилона ба зиндон маҳкум кардаанд. Бо ташкили чунин кумитаҳо мехоҳанд аз худсарии мақомот пешгирӣ ва генералро раҳо кунанд.»
Суол: «Чаро вайро ба зиндон кашиданд, сабаб чист?»
Ҷавоб: «Медонед, 10-уми октябри соли 2008 Исмоил Исҳоқов ба Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳур, аризае навишт. Он вақт Исҳоқов котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буд. Вай дар аризааш навишт, ки бо сиёсати дохиливу хориҷӣ ва кадрии Қурмонбек Боқиев розӣ нест. Баъз аз ин, шуруъ карданд ба дуруст кардани парванда бар зидди вай, барои дуздии кадом воситаи нақлиётӣ дар як қисми низомӣ, ҷудо кардани пул барои ҷашнҳои низомӣ ва барои додани хона ба писараш, капитани нируҳои мусаллаҳ Руслан Исҳоқов. Ду даъвои аввал таъйиди худро наёфт, вале барои додани хона ба писараш барои 8 сол маҳкум ба зиндон шуд. Ин духонагие, ки ба Руслан Исҳоқов дода шуда буд, соли 2008-ум бозгардонида шудааст.»
Суол: «Вокуниши мақомот ба эътирози имрӯз чӣ гуна аст?»
Ҷавоб: «Мақомоти марказӣ ҳеҷ вокуниш нишон надодаанд, вале мақомоти вилоятӣ талош кардаанд, ба Олой бираванд ва бо тазоҳуркунандагон вориди музокира шаванд. Вале натиҷае ба даст наомадааст ва мухолифат идома дорад.»
ҲОШИЯ
Дар зимн эътирозҳо аз лаҳзаи эъони ҳукми додгоҳ шурӯъ шуда буд, ки метавонед дар ин видео бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад