Тоҷикони муқими Покистон ба хотири дарёфти саҳмияҳои нерӯгоҳи обӣ-барқии "Роғун" ба суратҳисоби “Амонатбонк” 50 ҳазор сомонӣ интиқол доданд. Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдуллоҳ Зубайдов ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, “рӯзҳои ахир тоҷиконе, ки дар Исломобод ва дигар шаҳрҳои кишвар ба сар мебаранд, ба сафорат тамос мегиранд ва хостори фаҳмидани шарту шароити харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” мешаванд”. Зимнан, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Покистон зиёд нест ва бештари онҳо – муҳассилини донишгоҳҳои ин кишваранд.