Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як муроҷиати телевизиониаш ба мардуми кишвар бори дигар ба харидории саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун даъват кард. Вай аз ин тарҳи азим ва серхароҷот, ки ҳанӯз мебоист дар замони шӯравӣ бунёд мешуд, чун як “ғояи миллӣ” ёд кард, ки ба қавли ӯ, на танҳо “манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ ва шарти пойдории давлат мебошад”.
Фардо, 6 январ рӯзи расмии шурӯи фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун аст, ки куллан дар ҳаҷми шаш миллиард сомонӣ, муодили беш аз 1,370 миллиард доллар ба бозор арза мешаванд. Қимати саҳмияҳо аз 100 то 5000 сомонӣ муқаррар шуда барои харидорӣ ба шаҳрвандони оддӣ ва ҳам сохторҳои маъмуриву давлатӣ ва тиҷоратӣ пешниҳод мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати телевизиониаш як рӯз пеш аз шурӯи фурӯши саҳмияҳои Роғун гуфт, ки “ба мардумии кишвар дар ин кор такя мекунад”. Вай гуфт: “Ман итминони комил дорам, ки ҳар як фарди Тоҷикистон, яъне пиру ҷавон, чун ҳарвақта бо муҳаббат ва садоқати гарму самимӣ нисбат ба ватану сарзамини аҷдодӣ ва инчунин бо пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату миллат сохтмони нирӯгоҳи Роғунро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ мекунанд”.
Раҳмон афзуд, ки ҳукумат ният дорад “дар солҳои наздиктарин” фаъолияти ду агрегати нирӯгоҳро ба кор андозад. Вай гуфт, ки ба хотири суръат бахшидани сохтмон ва ба “моликияти истисноии давлату мардум” табдил додани Роғун саҳмияҳои ин иншоот бо кафолатҳои зарурӣ барои фурӯш ба шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Вай гуфт, ки мутмаин аст, мардуми Тоҷикистон аз “имтиҳони ҷиддии таърих низ” мегузарад. Президенти Тоҷикистон аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки хароҷоти маблағҳоро ба маъракаву маросимҳо камтар карда ба маблағҳои сарфашуда саҳмияҳо бихаранд.
Вай аз рӯшанфикрону чеҳраҳои саршиноси кишвар, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин, ҳамчунин соҳибкорон, тоҷикистониҳои бурунмарзӣ ва форсизабонони дунё даъват кард, ки дар ин кор фаъол шуда ба дигарон намунаи ибрат шаванд. Вай гуфт: “Роғун ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонаводаи мардуми мо мебошад. Аз ин рӯ, саҳмгузорӣ ба ин иншооти аср қарзи фарзандии ҳар як инсони худогоҳ ва фарзи мусулмониву имондории ҳар шахси мӯъмин ба шумор меравад”.
Тоҷикистони ташнаи истиқлолияти энержӣ ният дорад тавассути бунёди Роғун, ки чандин сол аст бо мушкили маблағгузорӣ рӯбарӯ шудааст, эҳтиёҷоти барқии худро бароварда созад. Ҳаҷми саҳмияҳои барои фурӯш пешниҳодшуда танҳо бахши авввали сохтмони нирӯгоҳи Роғунро пӯшонда метавонад. Арзиши куллии сохтмони нирӯгоҳи Роғун дар ҳудуди 2-3 миллиард доллар арзёбӣ шудааст.