Нахуствазир Оқил Оқилов ҳамроҳи як ҳайати ҳукумати Тоҷикистон субҳи 5 январ бо анҷоми сафаре ба маҳалли зилзилазадаи ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон бо хонаводаҳои осебдидаҳо аз наздик сӯҳбат кард.
Хабарнигори мо Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, ки субҳи имрӯз дар дар маҳалли заминларза буд, мегӯяд, деҳкадаи Гӯшнун бар асари такон хурдани замин дучори харобии бештар шудааст ва дар қиёс бо деҳаҳои дигар бештар хонаҳои зист фуру рехтаанд. Ҳоло мардуми бесарпаноҳи ин деҳот дар бинои мактаби маҳаллӣ ба сар мебаранд, ки ба қавли онҳо, шароити танг ва тоқатфарсо доранд. Норасоии маводи ғизоӣ, даво, рахти хоб бештар мушоҳида мешавад. Дар Интернати маркази ноҳияи Ванҷ 17 сокини ин деҳот ҷой дода шудаанд.
Беш аз 60 манзил шадидан ва чаҳор мактабу ҳафт сохтмони маъмурӣ қисман хароб шудааст. Сохтмони истиқоматии 500 хонавода ҳам бар асари зилзила осеб дида ба таъмиру тармим ниёз дорад.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба хабарнигори Озодӣ дар Ванҷ иттилоъ дод, ки ҳоло ҳудудан 30 тонна кумакҳои аввалия, ки аз 50 хаймаву орду шакар иборат аст, тавассути мошинҳо ба ин маҳал фиристода шудааст ва бояд имрӯз ба дасти мардум бирасад.
Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, то ин лаҳзаҳо ба мардуми зарардида аз тариқи Кумитаи Ҳилоли Аҳмар бо хаймаҳо кӯмак ироа шудааст.
Вале яке аз сокинони ноҳияи Ванҷ Фазилат Корчиева ба хабарнигори Озодӣ гуфтааст, ки тайи 5 рӯзи ахир ҳамроҳ бо кӯдаконаш дар бинои интернати ноҳия ба сар мебаранд ва то ҳол ба онҳо ягон кумаке нарасидааст.
Сокини дигари ноҳия Санавбар Шарипова, ки хонааш бар асари заминларза валангор шудааст ва бо фарзандонаш дар интернат паноҳ бурдаанд, мегӯяд, шароити зист дар бинои интернат хеле сангин аст ва онҳо дар ин рӯзҳои сард бидуни барқ ва гармӣ ба сар мебаранд.
Ба гуфтаи зарардидагон, ҳайати масъулин таҳти раҳбарии нахуствазири кишвар ваъда кардаанд, ки кумак ба зарардидагон ба зудтарин фурсат хоҳад расид.
Маҳмадулло Ҳалимов, раиси ситоди Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки то имрӯз 40 созмони имдодрасони байналмилалӣ барои кӯмак ба зарардидаҳои зилзилаи ноҳияи Ванҷ изҳори омодагӣ кардаанд ва ин кӯмакҳо қарор аст баъди арзёбии мизони хисорот расонда шавад.
Шиддати такони замин дар рӯзи 2 январи имсол дар ноҳияи Ванҷ дар ҳудуди 5,1 дараҷаи Рихтер арзёбӣ шудааст.
Беш аз 60 манзил шадидан ва чаҳор мактабу ҳафт сохтмони маъмурӣ қисман хароб шудааст. Сохтмони истиқоматии 500 хонавода ҳам бар асари зилзила осеб дида ба таъмиру тармим ниёз дорад.
Ҳоло мардуми бесарпаноҳи ин деҳот дар бинои мактаби маҳаллӣ ба сар мебаранд, ки ба қавли онҳо, шароити танг ва тоқатфарсо доранд. Норасоии маводи ғизоӣ, даво, рахти хоб бештар мушоҳида мешавад ...