Қотили афсарони Си Ай Эй ҷосуси дугона будааст

Матбуоти Амрико гузориш додааст, бамгузори интиҳорӣ, ки 7-нафар кормандони Си Ай Эй ё ЦРУ-ро дар Афғонистон ба қатл расонд, афсари ниҳодҳои кашфи Урдун будааст ва ҳамзамон барои Ал Қоида кор мекардааст. Дар як хабаре, ки хабаргузории Эн Би СИ-и Амрико аз қавли мақомоти кашфи ғарбӣ ин бамгузори интиҳориро Ҳумом Халил Абумулал ал Балавӣ муаррефӣ кардааст, мегӯяд ин мард пизишки 36 сола аз Зарқаи Урдун будааст. Гузоришҳо ҳокист, ки ин мард хайрхоҳи Ал Қоида будааст. Нируҳои кашфи Урдун вайро боздошт ва баъдтар вайро ба кори ҷосусӣ ба нафъи худ сафарбар кардаанд ва ба гурӯҳи Аймон ал Завоҳирӣ-нафари шумораи 2-и Ал Қоида ворид кардаанд. Мақомоти кашфи Урдун бовар доштаанд, ки ин мард аз роҳи худ баргаштааст ва барои нируҳои Амрико ва Урдун кор мекунад, вале вай ҳеҷ гоҳ аз созмони террористӣ дур нашуда будааст.