Сенат ба раъйгирии қонуни бима омодагӣ мегирад

Сенати Амрико имрӯз тарҳи қонуни ислоҳи низоми ҳифзи сиҳҳати Амрикоро мавриди раъйгирӣ қарор медиҳад. Интизор меравад, аксарияти демократии Сенат аз ин қонун пуштибонӣ кунад ва он тасвиб шавад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ироаи бимаи тиббӣ ба 50 миллион амрикоиеро, ки чунин бима надорад, аз рууси сиёсатҳои худ медонад.
Созмони ҷаҳонии ҳифзи сиҳҳат дар раддабандии охири худ низоми тиббии Амрикоро дар байни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми ҳамагӣ 37-ум гузоштааст.