Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар як нишаст бо масъулини бахши илму маориф ва донишмандони кишвар хостори ислоҳоти сохтори Фарҳангистони улуми Тоҷикистон шуд. Ба гуфтаи ӯ, тибқи ислоҳот, маблағгузории Фарҳангистони улум бо самарабахшии фаъолияташ бастагӣ хоҳад дошт. Дар ин мулоқот, ки имрӯз дар бинои Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ доир шуд, Эмомалӣ Раҳмон рӯи мавзӯъи рушди бахши маориф низ тамаркуз кард ва изҳор намуд, ки тайи нӯҳ соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 1000 муассисаи таълимӣ бунёд ваё навсозӣ шудааст. Сарвари Тоҷикистон ба вазорати маориф амр кард, ки то соли 2011 дар кишвар як литсеи президентӣ барои ҳазор кӯдаки боистеъдод ташкил кунад.