Интиқоди нави Human Rights Watch аз Узбакистон

Human Rights Watch бо нашри як баёния гуфтааст, давлати Узбакистон дар пешорӯи интихоботи парлумонии рӯзи 27 декабр саркӯбии мухолифини сиёсӣ ва фаъолони ҳуқуқи башарро густариш додааст. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, даҳҳо тан аз фаъолон дар саросарои кишвар таҳти ҳабси амалии хонагӣ қарор дошта, ҳушдор гирифтаанд, ки то анҷоми интихобот манзили худро тарк накунанд.
Бино ба ин гузориш, мақомот ҳамин тавр шиносномаи 6 фаъоли ҳуқуқи башарро муваққатан мусодира карда, якеи онҳо дар боздошт мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Ҳоллӣ Картнер, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch гуфт, “саркӯбиҳои пешазинтихоботӣ дар Узбакистон даҳшатест, ки аз қабл пешгӯӣ мешуд.”