Ба Тоҷикистон 50 000 "Тамифлю" меоранд

Масъули намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳафтаи оянда ба хотири табобати афроди гирифтор ба вируси зукоми хук 50 000 воксини “Тамифлю” ба Тоҷикистон ворид карда хоҳад шуд. Вина Гонсалез ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, Тоҷикистон аз ҳисоби Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ин воксинҳо таъмин хоҳад шуд. Дар миёнаи моҳи январ интизор меравад, ба ин кишвар боз тақрибан 800 000 воксини зидди зукоми хук ворид кунанд.
Ба гуфтаи мақомот, то кунун дар Тоҷикистон 16 мавриди гирифторӣ ба зукоми хук сабт шудааст.