Оятуллоҳ Ҳусейналӣ Мунтазирӣ - яке аз рӯҳониёни дигарандеши бонуфузи Эрон, ки дар синни 87 солагӣ даргузашт, фардо дар шаҳри Қум дафн мекунанд. Яке аз сухангӯёни дафтари рӯҳонӣ ба Радиои Фардо гуфт, Оятуллоҳ Мунтазирӣ, ки пештар ҳам аз бемории дил шикоят мекард, бар асари ҳамин бемориаш даргузаштааст. Оятуллоҳ Узмо Ҳусейналӣ Мунтазирӣ, ки пешвои рӯҳонии ҳаракати мухолифини Эрон маҳсуб мешавад, аз меъморони Инқилоби Исломии Эрон соли 1979 дар Эрон буд. Оятуллоҳ Алии Хумайнӣ - раҳбари Инқилоби Исломӣ, ӯро ҷойгузини худ хонд, вале чанд моҳ пеш аз марги ӯ дар соли 1989 муносиботи ду рӯҳонӣ бо ҳам сард шуд. Оятуллоҳ Мунтазирӣ пайваста, рӯҳониёни ҳокими Эронро ба он муттаҳам мекард, ки бо истифода аз номи Ислом низоми диктаториро таҳмил кардаанд. Моҳи августи гузашта вай гуфт, амалкарди мақомоти Эрон дар тазоҳуроти баъди интихоботи моҳи июн метавонад “ба суқути низом” бирасонад. Бино ба гузоришҳо, афроди зиёде барои ширкат дар маросифи дафни Оятуллоҳ Мунтазирӣ ба Қум сафар мекунанд ва тарафдорони мухолифин дар майдонҳои Теҳрон барои сӯгворӣ гирд меоянд. Аз ҳузури густурдаи нерӯҳои амниятӣ дар гӯшаҳои гуногуни шаҳри Қум ҳам гузориш шудааст.