Раҳбарони ҷаҳон ба Копенҳаген ворид мешаванд

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон барои ширкат дар конфронси тағири иқлим вориди Копенҳаген-пойтахти Дания мешаванд.
Онҳо бояд то рӯзи ҷумъа роҷеъ ба санаде дар бораи коҳиши газҳои гулхонаӣ ба тавофуқ расанд, то бад-ин тариқ тадобири зарурӣ барои коҳиши ҳарорат дар сайора ба иҷро гузошта шавад. Болоравии ҳарорат боиси мадду ҷазр дар уқёнусҳо, резиши селобҳо ва боло рафтани сатҳи об дар уқёнусҳо мешавад. Барак Обама, ки дар миёни раҳбарони 120 кишвар аз рӯзи панҷшанбе дар марҳалаи ниҳоии конфронс ширкат хоҳад кард, изҳори боварӣ кардааст, ки бо вуҷуди ихтилофи назари кишварҳо дар бораи меъёри коҳиши газҳои гулхонаӣ тавофуқ ба даст хоҳад омад.