Словакия ба Афғонистон нерӯҳои иловагӣ мефиристад

Словакия теъдоди низомиёнаш дар Афғонистонро ду баробар афзоиш хоҳад дод. Дар ин бора имрӯз раисиҷумҳур Иван Гашпарович хабар дод ва аммо дар мавриди он ки афзоиши нерӯҳо кай сурат мегирад, чизе нагуфтааст. Айни ҳол 250 низомӣ аз Словакия ба ҳайати нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон шомиланд.
Аз ин пеш раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Словакия изҳор карда буд, ки ба зудӣ теъдоди низомиёни кишвар дар Косово аз 140 то ба 20 нафар коҳиш хоҳад ёфт.