Вазири дифоъи Олмон аз Қундуз дидан кард

Вазири дифоъи Олмон Карл Теодор Зу Гуттенберг имрӯз аз вилояти Қундуз, воқеъ дар шимоли Афғонистон, дидан кард. Ӯ ҳамчунин ба минтақае сафар намуд, ки он ҷо рӯзи 4 сентябр бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии НАТО теъдоди зиёди мардуми осоишта кушта шуданд.
Ҳамла баъд аз сурат гирифт, ки толибон ду мошини ҳомили маводи сӯхтро рабуданд ва маводи сӯхтро миёни мардуми маҳаллӣ тақсим мекарданд. Бар асари ин ҳамлаи ҳавопаймоҳо ва инфиҷори мошинҳо бо маводи сӯхт даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Баъдан мушаххас шуд, ки дар ин ҳодиса тақрибан 40 тан аз мардуми маҳаллӣ низ ҷон бохтаанд. Фармон барои ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии НАТО аз сӯи фармондеҳи олмонӣ содир шуда буд. Моҳи гузашта ҳамчунин маълум шуд, ки низомиён дар бораи ин ҳодиса ба ҳукумати Олмон иттилоъи бардурӯғ дода, ҳалокати мардуми осоиштаро махфӣ нигаҳ доштаанд. Ба думболи ин парлумони Олмон вазири дифоъ Франс Ёзеф Юнг ва Муфаттиши кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишвар Волфганг Шнайдерҳанро аз мақомҳояшон барканор кард.
Ба иттилоъи бархе хабаргузориҳо, ахиран ҳукумати Олмон барои пардохти ҷубронпулӣ ба хонаводаҳои қурбониёни ҳодиса тасмим гирифт.