Додгоҳи шаҳри Маскав, ҳукми додгоҳи поёниеро бетағйир гузоштааст, ки шикояти набераи Иосиф Сталин аз рӯзномаи “Новая Газета”-ро рад карда буд. Рӯзномаи мазкур, дар яке аз мақолаҳояш, Сталинро, “одамхӯри хунхор” номида ва хашми набераи ӯ Евгений Ҷугашвилиро барангехт. Евгений Ҷугашвилӣ ба додгоҳ шикоят бурдааст, ки “Новая Газета” шаъну эътибори бобои ӯро, диктатори Иттиҳоди Шӯравии собиқро паст задааст. Иосиф Сталин, ки аз золимтарин раҳбарони худкомаи асри 20 дониста мешавад, 50 сол пеш вафот кард.