Баҳори соли 1914-ум аз шаҳри Уши Қирғизистон гурӯҳи мардикорон бо бори ғайриоддӣ ба роҳ баромада, онро бояд пуштора ба масофаи беш аз 700 километр то Хоруғ мерасонданд.
Ин бори ғайриоддӣ пианинои «Беккер буд», ки духтари сардори қароргоҳи марзбонии рус дар Хоруғ онро интизор дошт. Духтар, ки аз зиндагии якмаром дар байни чаҳоркӯҳҳои ҳамеша сарсафеди Помир ба танг омад, барои рангин ва хуш гузаронидани вақт аз падар хоҳиш кард, ки барояш асбоби мусиқии пианино дастрас намояд ва пианино аз хазинаи подшоҳӣ дар Петербург харида ва ба Хоруғ оварда шуд.
Ба гуфтаи мутахассиси осорхонаи кишваршиносии Бадахшон Чарсемак Чарсемаков, алҳол ин пианино дар ин ҷо барои тамошо гузошта шудааст. «Беккер»-и бароришаш соли 1885 яке аз асбобҳои мусиқии нодири он давра маҳсуб мешуд. Ба гуфтаи мутахассис, бар асари инқилоб ва фирор намудани афсарони қароргоҳи марзбонӣ бо аҳли хонаводаашон пианино то дер гоҳ бесоҳиб монд. Пас аз чанде аскарони сурх дар Помир «сафедҳо»-ро иваз намуданд, аммо ин дигаргунӣ ба тақдири пианино низ бетаъсир намонд. Ба гуфтаи Чарсемак Чарсемаков, бархе аз сарбозони нав дар махмали даруни донаҳои пианино ашёи мувофиқ барои оро додани пагонҳои сабзрангашро дида, ба кандани махмал сар карданд ва ҳамчунин чанд тори пианиноро гирифта, руи гитор кашиданд.
Аммо мутахассисони мактаби мусиқии Хоруғ пас аз ташхиси «Беккер» ба хулосае омаданд, ки ба «ҷисми дарманд» нигоҳ накарда, пианино метавонад пас аз таъмир мавриди истифода қарор гирад ва орзу доранд, ки овози ин пианинои нодир дер ё зуд аз нав садо хоҳад дод.
Масъулини мактаби мусиқии шаҳри Хоруғ мегӯянд, шумори ҳарчӣ бештари ҳаваскорони хурдсол ба омӯзиш ва навохтани пианино рағбат зоҳир мекунанд. Роҳбари мактаб Гулсиятмо Халилова афзоиши таваҷҷӯҳ ба пианиноро ба таъсири воситаҳои иттилоотии электронӣ ва густариши мусиқии Ғарб ба афкори ҷавонон марбут медонад. Нозигул Тирандозова, як санъаткори наврас гуфт, вақте вай бо падараш дар оинаи нилгун мусиқии Бетховенро дар иҷрои як пианинонавоз гӯш кард, зери таасуроти он монд ва падараш вайро ба гурӯҳи пианинавозони мактаби мусиқӣ шомил гардонд. Акнун Нозигул барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявӣ омодагӣ мебинад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи санъатшиносон, гурӯҳҳои ҳунарии минтақа вақтҳои охир ба камбуди навозандагон ба мисли ғижакнавоз, сеторнавоз ва ҳатто доирачӣ рубару шудаанд.
Аммо Шодӣ, яке аз санъаткорони хурдсол, гуфт, ба афзоиши хоҳишмандони ёд гирифтани пианинонавозӣ на опера ва мусиқии классикии Ғарб, балки ҳар чӣ бештар мавқеъи асбобҳои миллиро танг кардани асбобҳои электронӣ ба мисли «Yamaha» дар туйҳо ва орзуи дар оянда пул кор кардан таъсир гузоштааст.
Дар гурӯҳи пианино дар мактаби мусиқӣ 60 наврас таълим мегиранд. Албатта, 95 сол қабл ҳангоме, ки духтари сардори қароргоҳи марзбонӣ ба нахустин забонаҳои пианино дар Помир нохун мезад, тасаввур намекард, ки пианино ба яке аз маҳбубтарин асбобҳои мустиқии мардуми бумӣ табдил мешавад.