Мақомоти Покистон мегӯянд, бар асари таркиши ду бомб дар бозоре дар шаҳри Лоҳур дасти кам 46 нафар ҳалок ва ҳудуди 90 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Таркишҳо сабаби сӯхтори азиме дар Моҳбозори Лоҳур шудааст. То кунун касе масъулияти бомбгузориро бар ӯҳда нагирифтааст. Чанд соат пеш аз ин ҳамла як бомбгузори маргталаб худро дар назди додгоҳе дар шаҳри Пешовар мунфаҷир карда, 10 нафарро кушт ва беш аз чиҳил тани дигарро маҷрӯҳ кард. Ифротгароёни исломӣ тайи чанд моҳи гузашта бо бомбгузориҳои зиёд хуни даҳҳо нафарро рехтанд.