Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен дар нишасти раҳбарони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Паймон дар шаҳри Монси Белгия изҳори умедворӣ кард, ки ин кишварҳо ба ӯҳдадориҳои худ барои интиқоли ҳазорҳо афсару сарбози иловагӣ ба Афғонистон содиқ хоҳанд монд.
Қарор аст намояндагони вазоратҳои дифоъи 28 кишвари узви НАТО пуштибонии худ аз тасмими ИМА барои интиқоли 30 ҳазор афсару сарбози иловагӣ ба Афғонистонро иброз доранд. Гуфта мешавад, ки онҳо тасмими қаблан эълоншуда дар бораи интиқоли ҳафт ҳазор низомӣ ба Афғонистонро тайид хоҳанд кард. ИМА аз ҳампаймонҳояш хостори ба Афғонистон фиристодани даҳ ҳазор афсару сарбоз шуда буд.
Аз ин пеш Андерс Фог Расмуссен изҳор карда буд, баъд аз конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон теъдоди кишварҳое, ки ба Афғонистон нерӯҳои иловагӣ интиқол медиҳанд, афзоиш хоҳад ёфт. Қарор аст ин нишаст моҳи январ дар Лондон баргузор шавад.