Сӯхтори маргборе, ки дар дохили як клуби шабонаи шаҳри Перми шарқи Русия рӯй дод, 103 нафарро ба ҳалокат расонд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия мегӯяд, ки аз миёни 134 осебдидаи ин сӯхтор ҳолати 80 нафарашон хеле вазнин арзёбӣ мешавад. Сӯхтор бар асари истифодаи фейерверке дар дохили ин клуби шабона, ки меҳмонҳоро барои таҷлили ҳаштсолагии таъсиси он ҷамъ оварда буд, сар зад. Мақомот эҳтимоли як амали террористӣ будани ин ҳодисаро рад мекунанд. РИА Новости хабар медиҳад, ки хадамоти амнияти федеролӣ баъди таҳқиқи ҷои ҳодиса вуҷуди ингуна фарзияро, ки фоҷеаи пурқурбонӣ бар асари таркиши бомбае рух додааст, рад кардааст.
Дар гузориши вазири ҳолатҳои изтирорӣ Сергей Шойгу ба раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев гуфта мешавад, ки ин тафреҳгоҳи шабона борҳо барои риоя накардани меъёрҳои амниятӣ ва тадбирҳои ҷилавгирикунанда аз сӯхтор ҳушдор ва муҷозот шудааст.