Ҷангиёни гурӯҳҳои исломӣ аз Қафқози Шимолӣ масъулияти таркиши бомбаро, ки сабаби рӯй додани садамаи як қатори русӣ дар ҳафтаи гузашта шуда боиси ҳалокати 26 ва ҷароҳати ҳудудан 100 нафар гардид, ба дӯши худ гирифтанд. Ин иддао имрӯз дар як сайти интернетии марбут ба ҷудоихоҳони чечен нашр шудааст. Дар изҳороти мазкур омадааст, ки амалиёт бо амри Доку Умаров, раҳбари ба истилоҳ имороти Қафқоз анҷом шудааст. Ин ташаккули ҷангиён хостори эҷоди қонуни шариат дар Қафқози Шимолӣ мебошад. Додситонии кулли Русия таҳқиқи ин парвандаро зери унвони “терроризм” ба роҳ мондааст.