Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ аз нозирони САҲА даъват кард, ки барои назорат аз интихоботи парлумонии моҳи феврали кишвараш ба Душанбе сафар кунанд. Ин даъвати оқои Зарифӣ дар нишасти шӯрои вазирони кишварҳои узви САҲА дар пойтахти Юнон, шаҳри Афина садо дод. Вай гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳама талошашро ба харҷ медиҳад, то ки ин маърака бар тибқи муқаррарот ва дар фазои бозу шаффоф баргузор шавад. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон охири моҳи феврали соли оянда баргузор мешавад ва интизор аст дар он ҳамаи ҳашт ҳизби сиёсии кишвар ширкат кунанд. Интихоботи гузаштаи парлумонии Тоҷикистонро САҲА муғоир ба меъёрҳои демократӣ номида буд.