Талаби нави Оҷонси ҳастаӣ аз мақомоти Эрон

Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ имрӯз гуфт, аз Эрон тақозо кардааст, эълони худро дар бораи бунёди 10 коргоҳи ғанисозии уран ташреҳ кунад. Оҷонси ҳастаии Созмони Милал ҳамчунин гуфт, дар бораи ин тасмими Теҳрон огоҳномаи расмӣ нагирифтааст. Эрон дар навбати худ, мегӯяд, қудратҳои ҷаҳонӣ ба нақшаи он дар бобати бунёди 10 коргоҳи ғанисозии уран вокуниши зиёдаравона нишон додаанд. Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Фаронса ва Олмон ин тасмими Теҳронро шадидан танқид карданд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Ромин Меҳмонпараст имрӯз гуфт, кишвараш ба Русия ва Чин шиква хоҳад кард, ки дар гузашта мухолифи қатъномаи оҷонси ҳастаии Созмони Милал буданд, вале дертар онро ба тасвиб расонданд. Чин имрӯз ба муколамаи бештар дар ҳалли мушкили нав даъват кард. Намояндами Чин гуфт, кишвараш ҳамоно ба эҳтимоли таҳримҳои нави зидди Эрон мухолиф аст.