Сарнавишти 6 мусофири "Невский экспресс" норушан аст

Тибқи иттилоъи ахир, бар асари садамаи қатори “Невский экспресс” дар масири Маскав-Санкт-Петербург шаш нафар бе ному нишон ғайб задаанд. Дар ин бора вазорати ҳолатҳои изтирории Русия хабар дод. Аз ин пеш иттилоъ дода мешуд, ки дар ин ҳодиса 25 нафар ба ҳалокат расида, сарнавишти 12 нафар номаълум боқӣ мондааст.
Дирӯз дар шаҳри Твер ташхиси афроди ба ҳалокатрасида баргузор шуд. Наздикону пайвандон ҷасади 24 нафарро шинохтанд. Дар ҳамин ҳол тафтиши сабабҳои суқути қатора идома дорад. Фарзияи аслӣ - ҳамлаи террористӣ эълон шудааст.