Асмара, пойтахти кишвари африқоии Эритрея ба як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти фарҳангиаш омодагӣ мегирад. Қарор аст, рӯзи 28 ноябр дар Асмара расми пардабардорӣ аз муҷассамаи шоири маъруфи рус Александр Пушкин доир шавад.
Ин муҷассама маҳсули дасти ҳайкалтароши рус Николай Кузнетсов-Муромский буда, дар боғе гузошта хоҳад шуд, ки ҳанӯз 5 сол пеш номи Пушкинро гирифта буд.
Пушкин решаҳои ҳабашӣ дошт ва эҳтимол меравад, ки аҷдодаш дар аҳди Пётри 1 аз Эритрея ба Русия омадаанд.