Раҳбари пулиси Эрон тарафдорони мухолифинро ҳушдор дод, ки 7 декабр – Рӯзи донишҷӯёнро ба хотири тадвири эътирозҳо истифода накунанд. Мақомоти Эрон талош доранд аз эҳтимоли такрори намоишҳои густардае, ки ин кишварро дар пайи интихоботи моҳи июни раёсатҷумҳуриаш фаро гирифт, ҷилавгирӣ кунанд. Ислоҳталабони эронӣ, ки имкони баргузории тазоҳуроти худро надоранд, ба хотири изҳори эътирози худ ба натоиҷи интихобот, ки ба бовари онҳо, ба фоидаи таъмини пирӯзии раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод тақаллуб шудааст, кӯшиш мекунанд аз ҷашнҳои расмӣ истифода баранд.